Тавре ба ҳаммаи мову Шумо маълум аст, Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 давоми солҳои 2019-2021 «Дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо — «Сайри гули лола»» ба тасвиб расидааст. Бо ин мақсад имрӯз аз ҷониби як гурӯҳ ҷавонони фаъоли касбу кори гуногуни ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар як сокини мамлакат, аз ҷумла ҷавонон, бедор намудани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, сайру гашти оммавии ҷавонон аз боғу гулгаштҳои фарҳангии ноҳия, бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.