БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ МАҲАЛЛИИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШГАРОН ДАР НАЗДИ РАИСИ НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

21.05.2025 22:45

 
Санаи 21 майи соли равон, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои маҳаллии кор бо ҷавонон ва варзишгарон дар назди Раиси ноҳия доир гардид. Дар кори ҷаласа Раиси Шӯро, муовини Раиси Шӯро, котиби масъули Шӯро, Сардори раёсати рушду инкишофи тарбияи ҷисмонии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзоёни Шӯро, гирандагони стипендияи Президентӣ, Раиси шаҳри Душанбе, Раиси ноҳияи Фирдавсӣ, варзишгарон ва ҷавонони фаъоли ҳудуди ноҳия иштирок намуданд. Ҷаласаро Раиси Шӯрои маҳаллии кор бо ҷавонон дар назди Раиси ноҳияи Фирдавсӣ муҳтарам Сафарзода Дилшод Ғанӣ ифтитоҳ намуда, ба кори он шурӯъ намуданд. Аз рӯйи тартиби муйқарраргардида гузориши котиби масъули Шӯро - мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Фирдавсӣ – Ғаффорзода Юсуф шунида шуда, оид ба фаъолияти бахш дар соли ҷорӣ ҳисобот дода шуд. Сипас, зимни идомаи кори Шӯро 1 нафар гирандаи стипендияи Президентӣ ва 1 нафар гирандаи стипендияи Раиси ноҳияи Фирдавсӣ ба сухан баромада, миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии пайвастаашон ба насли ҷавони кишвар ва варзишгарон расониданд. Баъд аз суханронии масъулин Раиси Шӯрои маҳаллии кор бо ҷавонон дар назди Раиси ноҳияи Фирдавсӣ суханронӣ намуда, барои пешбурди соҳа дар самти кор бо ҷавонон ба масъулин дастуру супоришҳо дода доданд. Шӯрои маҳаллии кор бо ҷавонон ва варзишгарон дар назди Раиси ноҳияи Фирдавсӣ тибқи низомнома ва нақшаи кории Шӯро фаъолияти худро ба роҳ монда, дар самти тадбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” ва санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ оид ба сиёсати давлатии ҷавонон фаъолият намуда, минбаъд низ корҳои назаррас дар ин самт идома дода медиҳад. Дар фароварди ҷаласаи мазкур як қатор роҳбарони муассисаҳои олии касбии ҳудуди ноҳия, варзишгарон ва гирандагони стипендияҳо ҷиҳати саҳмгузоштан дар рушду пешрафти соҳаи кор бо ҷавонон бо ифтихорнома ва сипосномаҳои кумитаи тадорукот қадрдонӣ гардиданд.