Гуреззода Умед - Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

5 июли соли 1976 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1994 донишгоҳи давлатии шаҳри Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав, соли 2010 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва соли 2022 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намудааст.
2000-2002 - Нозири андози шуъбаи баҳисобгирӣ ва таҳлили андози идораи Хатлонии нозироти андози андозсупорандагони калони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар.
2002-2006 - Нозири калони гурӯҳи аудита шуъбаи Хатлонии нозироти андози андозсупорандагони калони Вазорати даромад ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар
2006-2007 - Нозири калони гурӯҳи таъмини ҷамъоварии андозҳо ва барҳамдиҳии қарзҳои шӯъбаи Хатлонии нозироти андози андозсупорандагони калони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар
2007-2013 - Сармутахассиси бахши дуюми шуъбаи назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо каруппсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
2013-2017 - Сардори Раёсати молияи шаҳри Бохтар
2017-2019 - Муовини якуми Раиси шаҳри Бохтар
2019-2023 - Муовини Раиси шаҳри Душанбе
Аз 11.01.2023 то 30.05.2023 - иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе
Аз 30.05.2023- Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе
Оиладор. Соҳиби 4 фарзанд.