БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
13.05.2025 22:40
Санаи 13 майи соли 2025 бо мақсади иҷрои барқияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2025, № 24/2-37, инчунин амалигардонии бандҳои алоҳидаи Нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ барои нимсолаи якуми соли 2025, ки бо қарори Раиси ноҳияи Фирдавсӣ аз 8 январи соли 2025, №5 тасдиқ карда шудааст, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷаласаи машваратию назоратии назди Раиси ноҳия баргузор гардид. Дар кори ҷаласа намояндаи Ҳукумати Ҷумуҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ - Директори генералии «Тоҷиксуғурта» - Мақсудзода Шуҳрат, муовини якум ва муовинони Раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии ноҳияи Фирдавсӣ, инчунин имомхатиби ноҳия иштирок намуданд. Дар рафти баргузории ҷаласа масъалаҳои зерин ба монанди:
- таъмини неруи барқ дар тамоми фаслҳои сол, пешгирӣ ва зери назорати қатъӣ қарор додани ҳолати истифодаи ғайриқонунӣ, талаф ва дуздии неруи барқ, дар ин замина бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва огоҳонӣ миёни сокинон вобаста ба татбиқи ҷавобгарии ҷиноятӣ дар сурати амали хилофи тартиботи муқарраргарида дар робита ба иҷрои барқияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2025, № 24/2-37;
- андешидани чораҳои амалӣ ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани фановариҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ бо мақсади амалӣ гардонидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф»;
- таҳти назорати ҷиддӣ қарор додани ҳолат ва фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабии ҳудуди ноҳия, ҳамзамон сатҳу сифати таълиму тарбия дар онҳо;
- банақшагирии ташкили хоҷагиҳои ёрирасон ҷиҳати бунёди гармхонаҳо вобаста ба тухмӣ ва ниҳолпарварӣ;
- ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида ва амалигардонии кишти мавсимии баҳорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар самти ислоҳи саривақтии камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин муҳлат ва дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки зимни баррасии масъалаҳои дар рӯзномаи ҷаласа ҷойдошта оид ба пешгирӣ ва зери назорати қатъӣ қарор додани ҳолати истифодаи ғайриқонунӣ, талаф ва дуздии неруи барқ, дар ин замина бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва огоҳонӣ миёни сокинон вобаста ба татбиқи ҷавобгарии ҷиноятӣ вобаста ба ҳолатҳои дар боло зикргардида дар робита ба иҷрои барқияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2025, № 24/2-37 муовини якуми Раиси ноҳия, прокурори ноҳия, судяи суди ноҳия ва роҳбари тиҷоратии Шабакаҳои барқи ноҳияи Фирдавсӣ баромади расмӣ ироа намуда, ба ҳозирин оид ба тағйроти ба қонунгузории кишвар воридгардида вобаста ба масъалаи болозикр маълумоти муфассал дода, даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои олии Ҳукумати мамлакат фаъолияти дастаҷамъона ҳамагон зарур аст.
Дар қисмати охири чорабинӣ, нишонҳои сарисинагӣ ва унвоҳои фахрии соҳавӣ, ки масъулин барои фаъолияти назаррас қардонӣ гардида буданд, дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд.