ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ЭҲЁИ ИДҲОИ ҚАДИМ

26.10.2021 Н.ФИРДАВСӢ

Имрӯз дар саҳни колеҷи технологии ноҳия бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ва роҳбарияти колеҷ иди қадимаи "Меҳргон" ҷашн гирифта шуд, ки дар он тамоми ҳосиле, ки деҳқон дар ин фасл чамъоварӣ мекунад дар рӯи дастархони донишҷуён ҷамъовари шуда, пас аз суханронии намояндагон, роҳбарияти колеҷ аз дастархони оростаи донишҷӯён боздид намуданд.
Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми Ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоиши меҳр ва рамзи аҳду паймон ва дустиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии хосили руёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дустию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст.
Меҳргон дар радифи пуршукуҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, аз замони дуродури таърих маншаъ мегирад. Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад.

 


© 2021 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе