Вобаста ба иҷрои Нақша - чорабиниҳои тасдиқ намудаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 Дар бораи баргузории намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе дар соли 2023.
Мавриди зикр аст, ки субҳи 26 августи соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор дар Муассисаи давлатии боғи фарҳангию фароғатии Абулқосими Фирдавсӣ намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таъомҳои миллӣ, ба сокинону меҳмонони пойтахти азизамон шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор карда шуд.
Қобили қайд аст, ки муовини Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Саидзода Фирдавс Ҳамро, муовини Раиси ноҳияи Фархор Ғаффорзода Шоҳрух ва муовини Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Давлатзода Файзалӣ, дар намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ таъомҳои миллии омода намудаи ноҳияи Фархор ишторк намуда, ба роҳбарият ва масъулини макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор барои дар сатҳи баланд омода намудани намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таъомҳои миллӣ изҳори сипос намуданд.