ИДОМАИ ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ИДЕОЛОГӢ БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛАИ ҚАҲРАМОНИ НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ
02.05.2025 21:09
Ҷиҳати иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи тақвият бахшидани корҳои идеологӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву эксремистӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, оворагардӣ, тақлиди фарҳанги бегона, хариду фурӯши одамон, муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, одоби шаҳрнишинӣ, нашъамандию нашъаҷалобӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, саҳмгузорӣ дар ободониву созандагии Ватан, манъ кардани воридшавии наврасону ҷавонон ба марказҳои дилхушӣ, интернеткафеҳо ва дар амал татбиқ намудани қонунҳои миллӣ аз ҷониби бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар доираи нақшаҳои муштарак бо воҳидҳои сохтории дахлдор бо сокинони маҳаллаи Қаҳрамони ноҳияи Фирдавсӣ мулоқот баргузор карда шуд. Дар мулоқоти мазкур мутахассиси бахши дин,танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳияи Фирдавсӣ, намояндагони шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва дигар воҳидҳои дахлдор иштирок ва суханронӣ намуданд.