АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТИ НОҲИЯ АЗ ҶОНИБИ МАСЪУЛИН МАҚОМОТИ ИҶРОИЯ

07.05.2025 22:40

 
Дар аснои таҷлил аз 80 – солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ масъулини Мақмоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва Раиси шаҳри Душанбе пирони рӯзгордида – собиқадорони ҷангу меҳнат дар ноҳияро аёдат намуданд. Масъулин, зимни дидор туҳфаҳои омодашуда, кӯмакҳои зарурӣ ва табрикоту таманиёти неки роҳбарияти ноҳияро ба онҳо расониданд. Ёдовар мешавем, ки аёдат ва дастгирии собиқадорони ҷангу меҳнат ва ходимони барҷастаи давлативу ҷамъиятӣ зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти ноҳияи Фирдавсӣ қарор дошта, ҷиҳати вусъати чунин иқдомҳо корбарӣ идома дорад.