БАРГУЗОРИИ НАМОИШ – ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ, ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, ТАЪОМҲОИ МИЛЛӢ ВА БАРНОМАҲОИ ФАРҲАНГИВУ АДАБИИ НОҲИЯИ ВАХШ

 

Вобаста ба иҷрои Нақша - чорабиниҳои тасдиқ намудаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 Дар бораи баргузории намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе дар соли 2023.

Мавриди зикр аст, ки субҳи 6 августи соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш дар Боғи Абулқосими Фирдавсӣ намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таъомҳои миллӣ, ба сокинону меҳмонони пойтахти азизамон шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор карда шуд.

Қобили қайд аст, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Умед, Раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсуф ва муовини якуми Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Аловиддинзода Шодимурод дар намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ таъомҳои миллии омода намудаи ноҳияи Вахш ишторк намуда, ба роҳбарият ва масъулини макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш барои дар сатҳи баланд омода намудани намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ таъомҳои миллӣ изҳори сипос намуданд.


© 2021 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе