НИШАСТИ МАТБУОТӢ

 

Бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, №АП – 1677 ва нақшаи тасдиқ намудаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2023, ҷиҳати ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2023, санаи 9 августи соли 2023 нишасти матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, дар ҳузури намояндагони васоити ахбори омма таҳти роҳбарии Раиси ноҳия муҳтарам Гуреззода Умед бо иштироки муовини якум, муовинони Раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ, инчунин роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар рафти баргузории нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе муҳтарам Гуреззода Умед, оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2023 ба намояндагони васоити ахбори омма ҳисобот манзур намуда, ҷиҳати бозҳам хубтар ба роҳ мондани корҳои созандагию бунёдкорӣ ва дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба тамоми масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар рафти нишасти матбаотӣ аз ҷониби намояндагони васоити ахбори омма ба Раиси ноҳия саволҳо пешниҳод гардида, ба ҳамаи саволҳо ҷавобҳои мушаххас дода шуд.


© 2021 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе