БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ ЯКУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ

14.03.2025 22:02

 
Санаи 14 марти соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид. Пас аз садо додани Суруди миллӣ, иҷлосия ба кори худ шурӯъ карда, вакилон котибот ва рӯзномаи иҷлосияро тасдиқ намуданд. Дар кори иҷлосия раиси комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, муовини раис ва котиби комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин муовини якум, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, сардорони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ, маориф, бозорҳои ҳудуди ноҳия, раисони Шўрои маҳаллаҳо ва сардорони нозироти минтақавии «Идоракунӣ ва хизматрасонии фонди манзилӣ»- и аз №1 то 10, ҳамзамон сархатиби ноҳия иштирок намуданд. Иҷлосияро И.в. Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, муҳтарам Сафарзода Дилшод Ғанӣ кушода, кори онро оғозшуда эълон намуд. Аз рӯйи тартиби баргузории иҷлосия дар он масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Аз ҷумла:
1. Дар бораи гузориши раиси комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум.
2. Оид ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2025, №938 «Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе озод намудани Гуреззода Умед»
3. Оид ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2025, №943 «Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таъин намудани Сафарзода Дилшод Ғанӣ»
4. Дар бораи тасдиқи Дастури Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе.
5. Дар бораи тасдиқи Низомномаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе.
6. Дар бораи таъсиси комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, интихоби раис ва аъзои онҳо.
7. Дар бораи пешбарии номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
8. Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия «Дар бораи гузориши раиси комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум» гузориши Раиси комиссияи ҳавазавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ Сафаров Зариф Шарифович шунида шуд. Сипас, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баъди тасдиқи ваколатҳояшон дар иҷлосияи вакилони Маҷлиси вакилони халқ савганд ёд намуданд. Инчунин, дар асоси Дастури Маҷлиси вакилони халқ барои гузаронидани овоздиҳии пинҳонӣ Комиссияи баҳисобгирии овозҳо оид ба пешбарии номзад ба аъзои Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, раиси Комисисияи баҳисобгирии овозҳо натиҷаи овоздиҳиро мувофиқи протоколҳои Комиссияи баҳисобгирии овозҳо оид ба пешбарии номзад ба аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи вакилон расонид ва дар натиҷаи ба даст овардани овозҳо Рустами Эмомалӣ - Раиси шаҳри Душанбе ва Каримзода Мунира Бобохон – сартабиби Муассисаи давлатии беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд. Вобаста ба ҳамаи масъалаҳои дар рӯзнома дарҷгардида, бо овоздиҳии вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе қарорҳои якдилона қабул карда шуд. И.в. Раиси ноҳияи Фирдавсӣ, Сафарзода Д. Ғ. дар охир барои иштироки фаъолона ба ҳамагон изҳори миннатдорӣ баён намуда, афзуд: «Мо дар арафаи ҷашни байналмиллали «Наврўз» қарор дорем, аз ин рӯ ҳамаи мо вакилон ва роҳбарони сохторҳои дахлдорро зарур аст, ки дар ҷалби оммаи шаҳрдорӣ ва гузаронидани ҳашарҳои дастаҷамъона баҳри ободу зебо ва хуррамгардонии шаҳри азизамон ҳамарўза корбарӣ намоем. Бо ин мақсад ҳар як хона, маҳал, корхона, муассиса, нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ бо роҳи фаҳмондадиҳӣ ва ташаббускорӣ ба корҳои тозагию ободкорӣ сафарбар карда шаванд. Дар ин ҷода бояд ташаббускор бошем ва барои гулгулшукуфоии пойтахти азизамон ва муҳайё намудани шароити арзанда ба сокинон ва меҳмонони пойтахт софдилонаю содиқона хизмат намоем. Ба ҳамаи шумо иди байналмилалии Наврўзи 2025-ро табрик намуда, бароятон хонаободӣ, саодатмандӣ, бурдборӣ ва ба Тоҷикистони азизамон пешравию шукуфоиро таманно менамоям». Баъд аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, давати ҳафтум пўшида эълон гардид.