РОҲУ УСУЛҲОИ МУОСИРИ ПЕШГИРӢ АЗ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ДАР ҶОМЕАИ МУОСИР

11.03.2025 20:09

 
Ҷумхурии Точикистон талошҳои худро бар зидди хатарҳои замони муосир ҳамчун шарики табии тамоми давлатҳои дунё ҳадафмандона амалӣ карда, дар ин самт омодагии худро бо андешидани тадбирҳои мушаххас ва муборизаи самарабахш ифода менамояд. Раванди номатлуби ба гуруҳҳои иртиҷоӣ пайвастани ҷавонон дар тамоми сайёра аз ҷумла кишвари мо аз он шаҳодат медиҳад, ки пайравони гуруҳҳои террористӣ роҳҳои нисбатан осон ва пуртаъсири таблиғу тарғиби ақидаҳои ифротгароиро ба роҳ монда, ҳамчун вабои аср ба амнияту давлати кишвар хатар эҷод мекунад. Вале мушкилоти асосии ҷавонони мо ин огоҳ набудан аз идеологияи аслии ифротгароёни динӣ ба шумор рафта, ба он натиҷагирӣ мешавад, ки бархе аз ҷавонони ноогоҳ ба мақсадхои ғаразнок ва зиддидавлатию зидди миллӣ ба гуруҳҳои террористӣ шарик мешаванд. Вале дар тули таърих ягон халку миллат хиёнат ба ватан-модар давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад. Дарки ин нуқта зарур аст, ки идеологияи ифротгароёни динӣ пеш аз ҳама бар зидди идеологияи миллии мо, Истиқлолияти давлатӣ аз ҷумла ҳар як нафари мо равона гардидааст. Бар муқобили он имруз зарур аст, ки идеяҳои сатҳи баланд матраҳ шуда, мавриди амал қарор гиранд, зеро ҳалли низомии ин масъала ҳануз нокифоя аст. Имруз, Ҳукумати кишвар дар доираи амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат масъалаи таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва таъмини шароити арзандаи зиндагиро ба ҳар як шаҳрванди кишвар, аз ҷумла ҷавонон кафолат додааст, ки яке аз сабабҳои паст гардидани ин падидаҳои хатарзо хоҳад шуд. Вале дар ин баробар, тарғиби идеяҳои миллӣ дарк ва ҳифзи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ ва муаррифии фарҳанги миллии ҷавонони мо карор дошта бошанд. Зеро, дар вазъияти ҳассосу мураккаби ҷаҳонишавӣ ташаккули шахсияти таҳаммулпазир, пурсамар, бомуваффақият, ки манфиатҳои милливу давлатиро аз манфиатҳои фардӣ боло мегузорад, хеле муҳим аст. Ҳамзамон, баланд бардоштани таъсири шуури иҷтимоии зиёиёни пешқадам, ки дар бедор кардани завқи ҷавонон ба хондани асарҳои бадеӣ заминаи фаъол буда метавонанд, омода кардани суханварони ҷавон ки идеологияи миллиро дар шакли афкори ватанпарастӣ миёни ҷавонон тарғиб менамоянд, ба мақсад мувофиқ аст. Зери назари насли калонсол қарор доштани зиракии сиёсии чавонон, назорати қатъии истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи волидайн робитаи мустаҳками мактаб ва оила ҷалби наврасони соҳибзавк ба маҳфилҳои фаннию ихтироъкорӣ, таваҷҷуҳ ба масъалаи илмомӯзии ҷавонону наврасони деҳоти дурдаст ва фароҳам овардани шароити таҳсилу фароғати онхо корбарии ҳамарузаро тақозо менамояд. Татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз насли калонсол тақозо менамояд, ки ҳисси дӯст доштани Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллию давлатӣ, ҳимояи марзу буми сарзаминро дар саргаҳи андешаҳои таффакури миллии фарзандон қарор дода, бо ифодаи нақши зан ва модари босавод дар тарбияи насли худогоҳу хештаншинос масъулияти худро иҷро намояд. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки бояд ҳатман мавриди назари ҷомеаи кишвар бошад, ин коста шудани маърифату худогоҳии ҷавонон оид ба пос доштани таъриху фарҳанг, арзишҳои миллӣ, ноогоҳӣ ва сатҳи пасти маърифати ҷавонон мебошад, ки ин боиси гаравидани онхо ба гуруҳҳои иртиҷоӣ, зиёд шудани майли онхо ба арзишҳои бегона мегардад. Вазифаи асосии мо шаҳрвандон дар қалби ҷавонон ташаккул ва тарбия додани ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул омӯзиши илму дониш, аз худ кардани касбу ҳунари муосир, ҷиддияту меҳнатдустӣ ва эҳтироми волоияти қонун мебошад. Бояд ҷавонон дар оянда, ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда, рисолати таърихӣ ва эҳсоси масъулияти хешро дар баробари ниёгони гузашта, ҷомеаи имруза ва наслҳои оянда амиқ дарк намояд, ба хотири ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар тамоми неруи ақлониву ҷисмонии худро равона созанд. Мо бояд ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки бояд мутаҳҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, кушиш ба харҷ диҳем, то ин ки мамлакати худро аз дасисаҳои душманон эмин нигоҳ дорем. Дар қалби насли наврас ва ҷавон ҳифзу ҳимояи Ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон ва тарғиби некиву накукориро ҷой намоем. Сиёсати муваффақи Точикистон, имруз роҳу усулҳои муосири муборизаи дастаҷамъонаро бар зидди ин зуҳуроти манфӣ ва мубориза алайҳи хатарҳои глобалии ҷаҳонӣ тақозо менамояд. Аз ин рӯ, ҳамаи мо вазифадорем, ки пеш аз ҳама, худамон намунаи ибрат бошем, насли ҷавону созандаро тарбия карда, ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намоем, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро ба манфиатҳои миллат ва давлат бигирем ва бо дасту дили пок дар сафи пеш амалӣ намудани сиёсати устувори давлат қарор бигирем.

Сармутахассиси бахши ҳуқуқи дастгоҳи Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе - Амирулло Муродов