АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ ВА АҲЛИ ЗИЁ ДАР АРАФАИ РӮЗИ БОНУВОН ДАР НОҲИЯ ФИРДАВСӢ

06.03.2025 19:45

 
Таъкидҳои ҳамешагӣ ва ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати қадрдонӣ ва аёдати собиқадорон, нафарони куҳансол, ки баҳри тарбияи ҷомеа ва инчунин дар раванди шукуфоии кишвари азизамон Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштанд, масъулияти ҳар як фарди соҳибэҳтиром ва бонанги кишвар мебошад. Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, зери роҳбарии И.в. Раиси ноҳия Сафарзода Д.Ғ. баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои ғамхоронаи Пешвои муаззами миллат, иқдом гирифтанд, ки дар арафаи ҷашни “Рӯзи Модар” ба аёдати собиқадорони меҳнат ташриф биёваранд. Ҳангоми аёдат аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба собиқадорон ҳамчун рамзи эҳтиром ва қадрдонӣ ба фаъолияти пурсамари онҳо туҳфаҳо тақдим карда шуд.