БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРИИ НАЗДИ И.В. РАИСИ НОҲИЯ
05.03.2025 20:14
Нимаи дуюми рӯзи 5-уми марти соли 2025 бо иштироки муовинони Раис, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, инчунин раисони шаҳраку маҳаллаҳо дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷалласаи кории назди Раиси ноҳия доир гардид. Дар он масъалаҳои даъвати ҷавонон ба саффи Қувваҳои мусаллаҳ дар мавсими баҳории даъват, тозаву озода гардонидани ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои ноҳия ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор қарор гирифта, дар ин самт ба масъулин аз ҷониби И.в. Раиси ноҳияи Фирдавсӣ, муҳтарам Сафарзода Дилшод Ғанӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.