БАРГУЗОРИИ ЧОРАБАНИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАРОН
05.03.2025 14:59
Санаи 5 марти соли 2025 дар толори театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов бахшида ба таҷлил аз Рӯзи модарон, бо иштироки И.в. Раиси ноҳия, муовинон, масъулини воҳидҳои сохторӣ ва як қатор фаъолзанони ноҳия чорабинии идона ташкил ва баргузор карда шуд. Дар чорабинӣ зимни ироаи барномаҳои расмӣ маърузачиён вобаста ба мақому манзалати зан-модар дар ҳаёти иҷтимоӣ ва нақши он ҳамчун сарчашмаи ҳаёти музаффар ибрози андеша намуда, кулли иштирокдорон, бахусус модарони шарафмандро бо фарорасии ҷашнашон самимона шодбош гуфтанд. Дар қисмати охири чорабинӣ баъд аз тақдими туҳфаҳо ба иштирокчиён ҷамъомади мазкурро барномаи фарҳангии ҳунармандони шинохта зиннат бахшид.