БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ ҒАЙРИНАВБАТИИ XXII МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

10.12.2024 20:47

 
Санаи 10 декабри соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Иҷлосияи ғайринавбатии XXII Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор гардид. Дар кори иҷлосия муовини якум, муовинони Раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи Раис ва мақомоти иҷроия, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони мақомоти ҳизфи ҳуқуқ, муассисаҳои соҳаи маориф ва тандурустӣ, раисони шуҳраку маҳаллаҳо ва имомхатиби ноҳия ширкат намуданд. Дар иҷлосия 2 масъала:
1. Муқаррар намудани миқдори ҳавзаҳои интихоботӣ барои Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе.
2. Таъсис додани Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе матраҳ гардиданд.
Масъалаҳои дар рӯзномабуда пурра мавриди баррасӣ қарор додашуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.