БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ТАҶЛИЛ АЗ «РӮЗИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ХУДИДОРАКУНӢ» ДАР МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
30.11.2024 16:54
Санаи 30 ноябри соли 2024 бо мақсади таҷлили сазовор аз «Рӯзи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо иштироки намояндаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум, муовинони Раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раис ва мақомоти иҷроия ҳамоиши тантанавӣ ташкил ва баргузор карда шуд. Чорабиниро Абдуллои Санъат - муовини якуми Раиси ноҳияи Фирдавсӣ кушода, ҳозиринро бо иди касбӣ аз номи Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, муҳтарам Умед Гуреззода табрик намуд. Мавсуф қайд кард, ки бо назардошти саҳми мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 22-юми июни соли 2023, таҳти №1973, санаи 1-уми декабр ҳамчун «Рӯзи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ» қабул гардид, ки ин як навъ эътирофи ҷойгоҳ ва мақому аҳамияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ дар низоми давлатдории миллиамон мебошад. Дар маҷмӯъ, мақомоти маҳаллӣ бо фаъолияти худ метавонад ба рушди устувор ва таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар ҷомеа нақши муҳим ва муассир дошта бошад. Дар идомаи ҳамоиш, Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумахон - муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сухан баромада, ҳозирин ва аҳли коллективи хизматчиёни давлатии ноҳияи Фирдавсиро ба муносибати иди касбиашон аз номи роҳбарияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, доир ба шаклгирии ниҳоди хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони муосир, усулҳои корбурдии давлатдории қадимаи тоҷикон, бахусус Сомониён ва девондории онҳо дар қаринаи таърих, инчунин нақши Пешвои муаззами миллат дар таҳаввулот ва тағйироту ташаккули хизмати давлатӣ дар Тоҷикистони муосир, ҳамзамон фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ дар самти хадамоти кадрӣ ибрози андеша намуда, ниҳоди хизмати давлатиро яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ дар замони муосир арзёбӣ намуд. Пас аз ироаи баромадҳои расмӣ, як қатор хизматчиёни давлатӣ роҷеъ ба фаъолияти болозикр ва аҳамияти он дар амалияи ҷамъиятӣ андешаҳои худро иброз намуданд. Дар расми анҷоми чорабинӣ дар асоси фармоиши директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2024, №297 як қатор фаъолон бо Ифтихорномаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.