ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, МУҲТАРАМ ГУРЕЗЗОДА УМЕД БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

07.11.2024 13:14

 
Ҳамдиёрони азиз! Шумо ва дар шахси Шумо кулли мардуми шарафманди кишвари биҳиштосоямонро ба ифтихори 30- юмин солгарди қабули волоҳуҷҷати сарнавиштсози миллат- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош мегӯям. Сӣ сол муқаддам бо талошҳои шабонарӯзӣ ва азму иродаи қавии мардуми шарафманди кишвар ва бо дарки масъулияти бузурги таърихӣ тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи давлати навини тоҷикон қабул гардид. Ин дастоварди воқеан таърихӣ барои эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, таъмин гардидани тартиботи конститутсионӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ заминаи мустаҳкам гузошт. Бо қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бори дигар исбот кард, ки ҳеҷ гуна душвориву мушкилот, аз ҷумла ҷанги даҳшатбори шаҳрвандӣ наметавонанд сокинони сулҳдӯсту созандаи кишвари моро аз роҳи ҳақиқату ростӣ, сохтани давлати муосири миллӣ ва фаъолияти бунёдкорона берун созанд. Маҳз аз ҳамин хотир, қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли мо рӯйдоди дорои аҳаммияти бузурги таърихиву сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Бо қаноатмандӣ метавон зикр намуд, ки Конститутсия дар солҳои аввали соҳибистиқлолии давлати навинамон, дар роҳи эъмори ҷомеаи якпорчаи Тоҷикистон, хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ нақши аввалиндараҷа бозида, кафолати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини суботи сиёсӣ, инчунин ташаккули асосҳои сохтори конститутсионӣ дар кишвар, маҳз бо шарофати қабули конститутсия ва талошҳои пайваставу қаҳрамононаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Тавре Пешвои муаззами миллат зикр менамоянд: «Конститутсия пояҳои давлати моро устувор нигоҳ медорад ва роҳи моро ба сӯи ҷомеаи пешрафта, давлати тараққикарда ва зиндагии ободу озод ҳамвор месозад». Конститутсия, Тоҷикистони муосирро ҳамчун ҷузъи таркибӣ ва ҷудонашавандаи ҷомеаи башарӣ муаррифӣ намуда, ба он дар арсаи ҷаҳон ҳамчун субъекти мустаъқили муносибатҳои байналхалқӣ шароити касби мақоми арзандаро фароҳам овард. Ин аст, ки имрӯз баъд аз гузашти 30 сол аз қабули ин санади тақдирсоз он амалан такмил ёфта, ба қатори даҳгонаи беҳтарин қонунҳои асосӣ миёни мамолики Иттиҳоди Давлатҳои Мустаъқил шомил гардидааст, ки ин ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Аз ин хотир, вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост, ки дастовардҳои бузурги милливу давлатиро таҳкиму тақвият бахшем ва ояндаи дурахшони Ватанамонро бо кору фаъолияти содиқонаву софдилона, яъне бо дастони худамон созем, ба арзишу меъёрҳои Конститутсия арҷ гузорем ва дар асоси он барои расидан ба ҳадафҳои созандаамон кӯшиш намоем. Дар охир, бори дигар Шумо ҳамдиёрони азиз ва кулли мардуми сарбаланди Тоҷикистонро ба ифтихори 30- солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба хонадонатон оромиву субот, иқболу хушбахтӣ ва файзу баракатро орзу менамоям. Бигзор, Конститутсия абадан чароғи роҳнамо ва муайянкунандаи самти роҳи пешгирифтаи давлату миллат ва муттаҳидкунандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошад!
Ҷашн муборак !!!
Бо эҳтиром, Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе - Умед Гуреззода