БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ - ФАРҲАНГӢ БА ИФТИХОРИ 30- СОЛАГИИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
05.11.2024 11:50
Санаи 4 ноябри соли 2024 дар толори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти ноҳияи Фирдавсӣ, масъулини воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раис ва мақомоти иҷроия, намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва меҳмонони сатҳи гуногун ба ифтихори 30- солгии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ – фарҳангӣ ташкил ва баргузор карда шуд. Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ муовини якуми Раиси ноҳия- Абдуллои Санъат суханронӣ намуда, табрикоти Раиси ноҳияи Фирдавсиро ба ҳозирин ироа намуд. Пас аз ироаи баромади расмӣ барномаи фарҳангии бахши фарҳанги Мақомоти иҷорияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ доир гардид, ки ҳунармандони шинохта, бахусус дастаи ҳаваскорони ноҳия онро рангин гардониданд.