БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ «КОНСТИТУТСИЯ ВА РИСОЛАТИ ТАЪРИХИИ ОН» БАХШИДА БА ИСТИҚБОЛИ 30- СОЛАГИИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ СОЛИ 2024 «СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ»
05.11.2024 11:12
Санаи 1 ноябри соли 2024 бо мақсади таҷлили сазовор аз 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи давлати навини тоҷикон ва эълон гардидани соли 2024 соли «Маърифати ҳуқуқӣ» дар кишвар бо иштироки роҳбарият, масъулини воҳидҳои сохторӣ ва намояндагони соҳаи илми мамлакат конференсияи илмӣ – назариявӣ ташкил ва баргузор карда шуд. Дар кори конфронс муовини якуми Раиси ноҳия – Абдуллои Санъат, мудири шуъбаи ҳуқуқи институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ- Маҷидзода В.Ҷ., омӯзгорон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Муродзода У.У. ва Вализода М.Р. доир ба таърихи таҳия ва қабул, нақши ин ҳуҷҷати тақдидрсоз дар барқарории суботи сиёсӣ ва тамомияти арзӣ, кафолати ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷониби конститутсия ибрози андеша намуда, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки бо арҷгузорӣ ба меъёри қонуният ва адолат ба арзишоти конститутсионӣ намуда, онро дар амалияи ҳаётиашон татбиқ намоянд. Дар охири чорабинӣ ғолибони озмуни ноҳиявии «Беҳтарин шахси ҳуқуқдон», ки аз намояндагони касбу кори гуногуни ноҳия ба он шомил буданд, бо ҷоизаҳои омодагардида қадрдонӣ карда шуданд.