БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ СИТОД ОИД БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ

23.10.2024 19:32

 
Санаи 23 октябри соли 2024 бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Холмуҳаммадзода Сорбон Амирхон, муовинони раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони воҳидҳои сохтории муассисаву корхонаҳо, масъулини самти маорифу тандурустии ноҳияҳо ва дар умум шаҳри Душанбе ва дигар шахсони расмӣ ҷаласа оид ба назорати сатҳи омодагии соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Душанбе ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024 – 2025 ташкил ва баругзор карда шуд. Зимни баргузории ҷаласа масъулин ба муовини Раиси шаҳри Душанбе оид ба иҷрои корҳо дар самти болозикр маълумот пешниҳод намуда, ҷиҳати ислоҳи саривақтии камбудиҳои ҷойдошта аз раисикунанда дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.