БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШ ТАҲТИ УНВОНИ «КОНСТИТУТСИЯ ЗАМИНАИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ»
23.10.2024 19:05
Санаи 22 октябри соли 2024 дар толори Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ бахшида ба 30 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 "Соли маърифати ҳуқуқӣ" Конференсияи илмию назариявӣ таҳти унвони "Конститутсия заминаи рушди давлатдории миллӣ" доир гардид. Дар кори Конференсияи мазкур судяи суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Идрисзода Балаҷон, сармутахассиси шуъбаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва иҷтимоии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Фирдавсӣ Гуландом Рустамзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия ва мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Баромадкунандагон оид ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуда, қайд карда шуд, ки Конститутсия халқи тоҷикро муттаҳид сохт ва тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. Он воқеъан бахтномаи миллати тоҷик аст, зеро ҳар вақте ки ба таърихи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назар мекунем, бархурдод хоҳем шуд, ки он дар чӣ гуна вазъияти ҳассос таҳия ва қабул карда шудааст. Дар вазъияти ҳассос қабул намудани Конститутсияи мукаммал, хеле мураккабу душвор буд, аммо бо қавииродагӣ ва матонати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи азизи кишварамон имкон даст дод, ки қонуни асосии кишвар, яъне Конститутсияи давлати навинамон бо раъйпурсии умумихалқӣ қабул намоянд ва ин рӯз ҳамчун рӯзи таърихӣ ҳамасола қайд карда мешавад.