БАРГУЗОРИИ ХОНИШИ ИДОРАВИИ ХИМАТЧИЁНИ ДАВЛАТИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

18.10.2024 20:46

 
Санаи 18 октябри соли 2024 дар доираи нақшаи тасдиқгардида хониши идоравии химатчиёни давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар он мавзӯҳои «Роҳҳои рушди хизматрасонии электронӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ» ва «Истифобарии самараноки замин ва таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди соҳаҳои зироаткорӣ, чорводорӣ ва парандапарварӣ – заминаи асосӣ барои таъмини аҳолии мамалакат бо маводи ғизоӣ» аз ҷониби маърӯзачиён мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз рӯйи мавзӯи якуми ҷаласа сарходими илмӣ – профессори Пажуҳишгоҳи равандҳои сиёсии дипломатӣ ва масоили ҷаҳонишавии Академияи идоракунии давлатии назди Президанти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Мавлонназаров Салмон, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия даъват гардида буданд, баромад намуда, ба ҳозирин вобаста ба нақши ногузири технологияи рақамӣ ва инноватсионӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ, инчунин татбиқи дастовардҳои инноватсионии инсоният дар амалияи ҳаётӣ маълумоти муфассал дода, аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки аз технологияи рақамии рушдкарда, бахусус «Зеҳни сунъӣ» васеъ истифода намуда, онро ҷиҳати бароварда кардани ниёзҳои корӣ мавриди истифода қарор диҳанд. Зеро технологияи рақамӣ ҳаҷми меҳнатталабии корро кам, вақтро сарфа, самаранокии кори иҷрошударо зиёд мегардонад. Аз рӯйи мавзӯи дуюми ҷаласа муовини Раиси ноҳияи Фирдавсӣ, сарапарасти соҳаи кишоварзӣ Давлатзода Файзали Давлатали маърӯза намуда, афзуд, ки соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок дар кишвар ба ҳисоб рафта, вобаста ба рушди он дар мамлакат як қатор барномаву стратегияҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат қабул карда шуда, самарнокии фаъолиятро дар ин самт таъмин намуда истодаанд. Дар баробари дигар минтақаҳо ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе низ дорои заминҳои корами кишоварзӣ бо шумори муайяни хоҷагиҳои деҳқонӣ буда, аз ин ҳисоб дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳм мегирад. Ёдовар мешавем, ки заминҳои асосии кишт дар ноҳия аз ҷониби деҳқонон самаранок истифода карда шуда, аз ҳосили бадастомада талаботи бозори истеъмолии дохилӣ дар баробари дигар сарчашмаҳои воридот аз маҳсулоти хушсифати аз лиҳози экологӣ тоза қонеъ гардонида мешавад. Вобаста ба рушди самтҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия, бахусус зироаткорӣ ва парандапарварӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда шуда, рушди минбаъдаи соҳа аз меҳнати аҳлонаи сокинони шарафманди ноҳия вобастагӣ дорад. Ироаи маърӯзаҳо аз ҷониби ҳоизирин хуб қабул карда шуда, дар баробари пешниҳоди саволҳои гуногун, инчунин таклифҳо ҷиҳати зиёдтар ба роҳ мондани чунин ҳамоишҳо манзур гардид. Ёдовар мешавем, ки баргузрии хонишҳои идоравии хизматчиёни давлатӣ зери таваҷҷуҳи бевоситаи масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ қарор дошта, дар ин самт корбарӣ бо маром ҷараён дорад.