БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР ДАР МАВЗӮИ «МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ – КОРИ ДАСТАҶАМЪИСТ»

16.10.2024 18:02

 
Санаи 15 октябри соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдасии шаҳри Душанбе дар доираи нақшаи чорабинҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 9 –декабр Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи фасод семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Муқовимат бо коррупсия - кори дастаҷамъист» ташкил ва баргузор карда шуд. Дар кори семинар Абдуллои Санъат - муовини якуми Раиси ноҳияи Фирдавсӣ, Рабизода Диловар Намоз – муовини сардори раёсати муқовимат бо коррупсия, Сайфиддинзода Нуриддин Сайфиддин – нозири калони раёсати мазкури Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар он оид ба хатари рӯзафзуни коррупсия ва таъсироти манфии он дар ҷомеа мавриди баррасӣ ва таҳилил қарор додашуда, аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки дар муқовимат алайҳи ин зуҳуроти зиёновар фаъолияти дастаҷамъона дошта боашнд.