БАРГУЗОРИИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ
16.10.2024 17:57
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Фирдавсии пойтахт баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагон аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Прокуратураи ноҳияи Фирдавсӣ, сардорони шуъбаи амният, ШВКД-1 ва ШВКД-2 дар ноҳия, имомхатибон, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва фаъолони ноҳия иштирок намуданд. Дар Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия масъалаҳо оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва пешгирии таълимоти ғайриқонунии диннӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе дар солҳои 2022-2023 ва 6 моҳи аввали соли 2024, Қонуни ҶТ «Дар бораи ӯҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» мавриди омӯзиш ва таҳилилу тарғиб қарор гирифтанд. Зимни баромади Раиси Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳукуки ноҳияи Фирдавсӣ иброз гардид, ки имрӯз ҷаҳон дар ростои бархурди тамаддунҳову фарҳангҳо қарор дорад ва хатари ҳар замон рахна шудани арзишҳои олии фарҳангии миллати мо низ вуҷуд дорад. Аз ин рӯ таъкид гардид, зуҳури бегонапарстӣ миёни ҷоммеаи муосир дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатиро ба ба гӯшаи фаромӯшӣ хоҳад бурд. Аз ин рӯ, ҷиҳати поси арзишҳои миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои давлати навини Тоҷикистон барои ҳар як фарди худогоҳ қарзи муҳимтарини шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.