ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ИДЕОЛОГӢ МИЁНИ СОКИНОНИ НОҲИЯ

16.10.2024 17:55

 
Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 1 июли соли 2024, №435 “Дар бораи тақвияти корҳои идеологӣ ва маърифатию фаҳмондадиҳӣ дар шаҳри Душанбе барои нимсолаи дуюми соли 2024” ва иҷрои нақшаи тақвияти корҳои идеологӣ ва маърифатии гурӯҳи таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе санаи 14 октябри соли 2024 бо хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №125 бо сокинони маҳаллаи Дарёобод вохурӣ баргузор карда шуд. Дар мулоқоти мазкур оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа, саривақт ҳозир шудан дар дарсҳо, дар замири ҳар шаҳрванд парваридани ҳисси масъулият барои пешрафти давлат, эҳтироми амиқ ба арзишҳои фарҳангиву зеҳнии миллат, шинохт ва арҷгузориву риояи ҳуқуқи инсон шарти аслӣ ва ҳатмии давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, таъмини волоияти қонун ва риояи ҳатмии ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон, пойдории тартиботи ҷамъиятӣ, сулҳу субот ва оромию осоиши ҷомеа бо қиёс аз 10-20 сол пеш суханронӣ карда шуд.