БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ЗАБОН – МУҲИМТАРИН ОМИЛИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛАТ»
03.10.2024 23:24
Санаи 3 октябри соли 2024 бо ибтикори шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таҳти унвони «Забон – муҳимтарин омили худшиносии миллат» бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насиба Сиддиқӣ, Гавҳар Шарофова, муовини Раиси ноҳия Шукурзода Саодат Нусратулло ва сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» Одиназода Шоҳона Сулаймон, инчунин омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва кӯдакистонҳои ноҳия конференсияи илмӣ –амалӣ баргузор гардид. Дар кори конфронс роҷеъ ба ҳамчун арзиши муқаддас мақом ва ҷойгоҳ доштани забон маърузаҳо ироа гардида, ба ҳозирин доир ба таҳаввулоти таърихиву сиёсии забони тоҷикӣ маълумоти муфассал дода шуд. Зимни ироаи маърузаҳо таъкид гардид, ки маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ мақоми забони тоҷикӣ устувор ва то ба ҳол пойдор боқӣ мондааст. Аз рӯ, ҳифзи ин арзиши муқаддас қарзи ҳар як соҳибзабон аст.