БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ XXI – УМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ДАЪВАТИ ШАШУМ
03.10.2024 21:04
Санаи 3 октябри соли 2024 дар толори маҷлисии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иҷлосияи XXI – уми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи фирдавасии шаҳри душанбе, даъвати шашум баргузор гардид. Дар кори маҷлис муовини якуми Раиси ноҳия, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи Раис ва мақомоти иҷроия, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ, маориф, бозорҳои ҳудуди ноҳия, раисони Шўрои маҳаллаҳо ва сардорони нозироти минтақавии «Идоракунӣ ва хизматрасонии фонди манзилӣ»-и №1 то 10, инчунин сархатиби ноҳия иштирок доштанд. Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, Раиси ноҳияи Фирдавсӣ, муҳтарам Умед Гуреззода ҷаласаро тибқи тариби баргузории он кушода эълон намуда, баъд аз тариқи овоздиҳӣ интихоб ва тасдиқи ҳайати котибот ва таҳририяи иҷлосия раисикунанда рӯзномаи иҷлосияи навбатиро ба ҳозирин муаррифӣ намуд, ки он аз масъалаҳои зерин иборат буд:
1. Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2017, №456 «Дар бораи Стратегияи рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2027» дар ноҳияи Фирдавсӣ;
2. Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2010, №321 «Дар бораи Консепсияи ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2025» дар ноҳияи Фирдавсӣ;
3. Таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барномаи давлатии маҷмӯи рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар ноҳияи Фирдавсӣ;
4. Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе.
Баъд аз муаррифии масъалаҳои баррасишаванда муовини Раиси ноҳия ва дигар маъулин оид ба самташон дар ҳузури вакилони мардумӣ маълумот пешинҳод намуданд. Баъди шунидани ҳисоботи соҳавии масъулин Раиси ноҳияи Фирдавсӣ ба онҳо дастуру супоришҳо дода, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта муҳлат муқаррар намуданд. Дар қисмати интиҳоии иҷлосия Раиси ноҳияи Фирдавсӣ, муҳтарам Гуреззода Умед ҳозиринро бо ҷашнҳои дар пешистода табрик гуфта, бо таманнои муваффақияту барор дар фаъолияти ҳамагон иҷлосияи XXI – уми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи фирдавасии шаҳри душанбе, даъвати шашумро пӯшида эълон намуданд.