БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШ БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ
24.09.2024 14:57
Санаи 23 сентябри соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ бо иштироки меҳмонони даъватшуда ва хизматчиёни давлатӣ ҳамоиш баргузор гардид. Дар чорабинӣ директори нашриёти давлатии Ирфон- Абдураҳмонзода Абдувалӣ роҷеъ ба муҳимияти забон ҳамчун рукни муҳими давлатдорӣ суханронӣ намуда, ба ҳозирин доир ба бурду бохти забони тоҷикӣ дар қаринаи таърихи башар маълумоти муфассал дод. Ёдовар мешавем, ки забон дар низоми арзишҳои миллӣ барои миллати тоҷик яке аз арзишоти бунёдӣ ба ҳисоб рафта, дар ташаккул ва шинохти миллати куҳанбунёди тоҷик нақши арзишмандро соҳиб мебошад. Риояи талаботи қоидаҳои забон ва татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷтикистон Дар бораи забони давлатӣ дар амалияи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ҷойгоҳи махсусро соҳиб буда, масъалаи мазкур зери таваҷҷуҳи мунтазами масъулин қарор дорад