ТАҶЛИЛ АЗ 33-ЮМИН СОГАРДИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

07.09.2024 15:28

 
Санаи 6 сентябри соли 2024 бо мақсади таҷлил аз 33-юмин ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии оммавии фарҳангӣ ташкил ва баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Мақсудзода Шуҳрат, муовини Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Саидзода Фирдавс Ҳамро, Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, муҳтарам Умед Гуреззода ва дигар шахсони Расмӣ, намояндагони корпусҳои дипломатии ҳудуди шаҳри Душанбе ва дигар шахсони расмӣ ширкат варзиданд. Зимни баругузории чорабинии мазкур ҳунару маҳорати бонувони чирадаст, расму мусаввараҳо ва анвои гуногуни таомҳои миллӣ ва дигар дастовардҳои илмиву амалии намояндагони касбу кори ноҳия ба маррази тамошо гузошта шуда буд, ки ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуда аз ҷониби меҳмонон баҳои баланд дода шуд.Қисмати фарҳангии чорабиниро ҳунарнамоии овозхонони касбӣ ва дастаҳои ҳаваскорони назди мақомоти иҷроияи ноҳия зиннати хосса бахшида, хотири ҳозинро болида гардониданд. Ёдовар мешавем, ки Истиқлолияти давлатӣ барои миллати шарафманди тоҷик яке аз рӯйдодҳои бузургтарини таърихӣ мебошад, ки дар тақдири халқи куҳанбунёди мо гардиши куллиро ба вуҷуд оварда, зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳким ёфта, давра ба давра устувортар гардид. Бешубҳа, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарафу номус, сарбаландӣ, номи нек ва фахри ҳамаи тоҷикони олам ва тоҷикистониён аст.