ҒОЛИБИЯТ ДАР ОЗМУН

07.09.2024 15:15

 
Санаи 4 сентябри соли равон дар толори мактаби санъати ба номи Одина Ҳошимови шаҳри Душанбе дар ҳошияи чорабиниҳои баргузоргардида ғолибони як қатор озмунҳо аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд. Дар баробари дигар кормандон вобаста ба ғолибият ва сазовори ҷойи 2-юм ва диплом гардидани мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ – Шомуродова Саъбагул Саймуродовна дар озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» дар шаҳри Душанбе аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо туҳфаҳои омоданамудаи кумитаи тадорукоти озмун қадрдонӣ гардид. Ёдовар мешавем, ки сол то сол саффи занони фаъол аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ рӯ ба афзоиш ниҳода, мақоми занон дар ҷомеаи ватанӣ устувор гашта истодааст, ки ин аз татбиқи саривақтии сиёсати давлатии Ҳукумати мамлакат дар соҳаи кор бо занон дарак медиҳад.