ДИҚҚАТ!!! ОЗМУНИ «БЕҲТАРИН ШАХСИ ҲУҚУҚДОН»

23.08.2024 21:01

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Беҳтарин шахси ҳуқуқдон» дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанберо эълон менамояд.
Довталаб то оғози озмун бо ариза ба котиби раиси Кумитаи тадорукоти муассисаи таълимии дахлдори маҳаллӣ зист (шаҳрак, маҳалла) ё муассисаҳои таълимии миёна ё олии касбӣ ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:
- нусхаи шиноснома (шаҳодатномаи таваллуд);
- маълумотномаи ягонаи довталаб (мувофиқи шакли аз ҷониби котиботи озмун пешниҳодшуда);
- тарҷумаи ҳол;
- 4 дона сурати 3х4;
- маълумотнома аз макони зист ё ҷойи таҳсил.
Озмун аз рӯи як бахш (номинатсия) донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ташкил ва аз рӯйи шартҳои зерин гузаронида мешавад:
- саволу ҷавоби шифоҳӣ, хаттӣ, тестӣ дар доираи мавзӯъ вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», «Дар бораи муқовимат ба терроризм», Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- муаррифии рӯзнамо (презентатсия)-и довталаб дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- навиштани эссе дар мавзӯи «30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- дар ҳолати пешниҳоди маводи чопӣ (мақола, эссе, расмҳо ва аксҳо ё навори дорои ҳуқуқвайронкунии мантиқӣ бо шарҳи моддаҳои дахлдори қонун ё қойдаҳои дахлдоре, ки вайрон гардидааст) ва барои маводи чопӣ дар рӯзномаву маҷаллаҳо оид ба тарғиби тарбияи ҳуқуқӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бартарият дода мешавад.
Озмун аз ду давр иборат буда, моҳи октябри соли 2024 ба таври зайл ташкил ва гузаронида мешавад:
- даври якум то 15 октябр байни хонандагону донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти типи нав (Гимназия, Литсей ва мактабҳои президентӣ), муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, байни омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва сокинони ноҳия, баргузор мегардад;
- даври дуюм (ниҳоӣ) - нимаи дуюми моҳи октябр байни ғолибони ҷойҳои 1, 2 ва 3 даври 1-уми озмун баргузор мегардад.
Иштирокчиёни озмун ба 5 гурӯҳ ҷудо карда мешавад:
- байни хонандагони синфҳои 8-11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ;
- байни хонандагони синфҳои 8-11 муассисаҳои таҳсилоти типи нав (Гимназия , Литсей ва мактабҳои президентӣ дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе фаъолият дошта);
- байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе фаъолият дошта (ба истиснои донишҷуёне, ки дар донишгоҳу донишкада дар факултаи ҳуқуқ мехонанд);
- байни омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва доктарантҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе фаъолият дошта (ба истиснои кормандон ва омӯзгороне, ки дорои маълумоти ҳуқуқшиноси мебошанд, омӯзгорӣ фанни ҳуқуқ ва таърихи ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва олимону муҳаққиқони соҳаи ҳуқуқ, ки айни ҳол кор ва фаъолият мекунанд);
- байни сокинони ноҳия (ба истиснои шахсоне, ки дорои маълумоти ҳуқукшиносӣ мебошанд, собиқ омӯзгоронӣ фанни ҳуқуқ ва таърихи ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва олимону муҳаққиқони соҳаи ҳуқуқ ё ин, ки айни ҳол кор ва фаъолият мекунанд, инчунин донишҷӯёне, ки дар донишгоҳу донишкада дар факултаи ҳуқуқ мехонанд).
Омӯзгороне, ки шогирдонашон ғолибони даври озмун мегарданд бо «Сипоснома»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Озмуни мазкур то рӯзи ҷашни Конститутсия ҷамбаст гардида, ғолибон бо «Ифтихорнома»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Ҷоизаҳои
озмуни «Беҳтарин шахси ҳуқуқдон»
дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе:

1. Гурӯҳи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 8-11)

1 ҷойи якум 2000 сомонӣ
1 ҷойи дуюм 1500 сомонӣ
2 ҷойи сеюм 1000 сомонӣ

2. Гурӯҳи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав (синфҳои 8-11)

1 ҷойи якум 2000 сомонӣ
1 ҷойи дуюм 1500 сомонӣ
2 ҷойи сеюм 1000 сомонӣ

3. Гурӯҳи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва
олии касбӣ (бакалавр, магистр)

1 ҷойи якум 3000 сомонӣ
1 ҷойи дуюм 2000 сомонӣ
2 ҷойи сеюм 1000 сомонӣ

4. Гурӯҳи омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот,
ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе фаъолият дошта (ба истиснои собиқ омӯзгоронӣ фанни ҳуқуқ ва таърихи ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва олимону муҳаққиқони соҳаи ҳуқуқ, ки айни ҳол кор ва фаъолият мекунанд, инчунин донишҷуёне, ки дар донишгоҳу донишкада дар факултаи ҳуқуқ мехонанд)

1 ҷойи якум 4000 сомонӣ
2 ҷойи дуюм 3000 сомонӣ
3 ҷойи сеюм 2000 сомонӣ

5. Гурӯҳи сокинони ноҳия

1 ҷойи якум 4000 сомонӣ
2 ҷойи дуюм 3000 сомонӣ
3 ҷойи сеюм 2000 сомонӣ

7. маблағ барои омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ки шогирдонашон дар озмун ҷойҳои 1, 2 ва 3 мегиранд

3 ҷойи якум 2000 сомонӣ
3 ҷойи дуюм 1500 сомонӣ
6 ҷойи сеюм 1000 сомонӣ

Сарпараст: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе