ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ВА БУНЁДКОРӢ ДАР НОҲИЯ ВОБАСТА БА ИСТИҚБОЛИ САЗОВОР АЗ ҶАШНИ 35 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

22.08.2024 22:20

 
Бо мақсади иҷрои босифати бандҳои алоҳидаи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе оид ба таҷлили сазовор аз 35- солагии ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе корҳо дар самти азнавсозии бинову иншоот, таъмири ҷории роҳҳо ва асвалтпӯш гардонидани қисматҳои навбунёди роҳҳои автомобилгард, майсазоркунии канори роҳҳо, инчунин бунёди чаманзору гулгаштҳо, буриши санитарӣ ва шинонидани дарахтон, рангубори биноҳои истиқоматӣ ва дигар марказҳои хизматрасонии маишӣ бо маром идома дошта, масъалаи мазкур зери таваҷҷуҳи бевоситаи Раиси ноҳияи Фирдавсӣ қарор дорад. Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, муҳтарам Умед Гуреззода корҳои ободу зебо гардонидани гӯшаву канори ноҳия дар доираи нақша - чорабиниҳои болозикр, махсусан дар кӯчаву хиёбонҳои асосӣ (протоколӣ) (хиёбонҳои С. Шерозӣ, Н. Қарабоев, кӯчаҳои Соҳилӣ, Деҳотӣ, А. Ҷомӣ, А. Фирдавсӣ) бо вусъати тоза ҷараён гирифта истодааст. Далели гуфтаҳои боло бо мақсади ҷоннок намудани корҳо дар самти омода сохтани инфрасохтори соҳаи маорифи ноҳия ба соли хониши 2024-2025 тамоми чораҳои амалӣ андешида шуда, бунёду азнавсозии МТМУ№14 ноҳия пурра ба анҷом расонида шуд, ки соли ҷорӣ дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Муассисаи мазкур бо тамоми шароитҳои зарурӣ таъмин карда шуда, ба талаботи стандартҳои соҳа ба пуррагӣ ҷавобгӯ мебошад. Саҳни муассиса дар масоҳати 3300 м2 бо дарозии 500 метр ва паҳноии 8 метр, бо истифода аз 400 тонна асвалти хушсифат мумфарш карда шуда, атрофи бино якҷо бо роҳрави шафати он бо гулҳои зебои мавсимӣ ва майсазор сарсабз гардонида шудааст. Тадибирҳои рӯйикоровардаи масъулин аввалин ва охирин набуда, корҳо ҷиҳати иҷрои босифати нақша - чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо суръат идома доранд.