ИФТИТОҲИ НИМПАЙКАРАИ МАОРИФПАРВАР ВА НАВИСАНДАИ ҚАЗОҚ АБАЙ ҚУНАНБОЕВ ДАР МД «БОҒИ ФАРҲАНГИВУ ФАРОҒАТИИ БА НОМИ АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ»

21.08.2024 17:38

 
Санаи 21 августи соли равон бо иштироки вазирони фарҳанги Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон, Матлубахон Сатториён, Аида Балаева ва дигар шахсони расмӣ дар МД «Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» баҳри тақвияти ҳусни ҳамҷаворӣ, робитаи устувори дуҷониба, инчунин эҳтироми хосса ба адабиёти миллати қазоқ парда аз рӯйи нимпайкараи нависанда ва маорифпарвар - Абай Қунанбоев дар фазои тантанавӣ бардошта шуд. Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Қазоқистон яке аз шарикони стратегии кишвари мо ба ҳисоб рафта, равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаи миёни кишварҳоро санадҳои байнидавлатии баимзорасида мустаҳкам мегардонанд. Солҳои охир, маҳз бо талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон - Қосим Жомарт Тоқаев робитаҳои мустақими байни кишварҳоямон дар сатҳи комилан нав роҳандозӣ гардида, сол то сол рӯ ба густариш ниҳода истодаанд.