ҚАДРДОНИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ БАХШИДА БА «РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ»

19.08.2024 22:11

 
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола кормандони тиб ва аҳли ҷомеа баҳри арҷгузорӣ ва гиромидошти таълимоту хизматҳои арзишманди Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино 18 августро, ҳамчун «Рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб таҷлил» менамоянд. Вобаста ба иди касбии кормандони соҳаи мазкур паёми табрикии Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба самъи коллективи меҳнатии муассисаҳои тандурустии ноҳия зимни баргузории вохуриҳо дар марказҳои саломатӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ расонида шуд. Ба ин муносибат, бо ибтикори Раиси ноҳияи Фирдавсӣ як қатор кормандони соҳаи тиби ноҳия барои фаъолияти пурсамару софдилона, дастовардҳои назаррас ва гузоштани саҳми арзанда дар рушди соҳаи тандурустӣ, бахшида ба «Рӯзи кормандони соҳаи тиб» бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд. Ифтихорномаҳо ба шахсони сарфарозгардида аз ҷониби намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд. Ёдовар мешавем, ки соҳаи тандурстӣ яке аз соҳаҳои калидӣ ба ҳисоб рафта, дастгирӣ ва эҳтирому қадршиносии фаъолони соҳа дар мадди назари роҳбарияти ноҳияи Фирдавсӣ қарор дода шудааст.