БАРГУЗОРИИ ОЗМУН ВА АТТЕСТАТСИЯИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТИИ МАЪМУРӢ ДАР МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
10.08.2024 18:59
Санаи 9 августи соли 2024 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе барои ишғоли 4 мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун ва аттестатсияи 6 нафар хизматчиёни давлатии маъмурии шуъбаву бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия бо иштироки намояндаи Агентии хизмати давлатии назди Президанти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва ҳузури комиссияи озмунии ноҳия ташкил ва баргузор карда шуд. Ёдовар мешавем, ки озмун ва аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ дар шуъбаву бахшҳои дастгоҳи Раис ва мақомоти иҷроия дар доираи талаботи санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа ташкил ва баргузор карда шуда, масълаи мазкур зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти ноҳия қарор дорад.