БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗӮИ «СТРАТЕГИЯИ МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025»
01.08.2024 18:05
Санаи 31 июли соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷиҳати натиҷагирӣ аз иҷрои босифат ва саривақтии бандҳои алоҳидаи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ оид ба «Стратегияи муқовимат бо терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар ноҳия бо иштироки муовини якуми Раиси ноҳия, Абдуллои Санъат, кормандони маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наботов Мироҷ Ғиёсович ва Қурбонова Манзура Ашурмадовна дар ҳузури масъулини воҳидҳои сохтории ноҳия семинари омӯзишӣ ташкил ва баргузор карда шуд. Ёдовар мешавем, ки терроризм ва экстемизм чун падидаҳои манфури ҷомеаи муосир бо зуҳур ва ташаккулёбиашон ба низоми давлатдорӣ, рукнҳои муҳимтарини он, бахусус асосҳои сохтори конститутсионии давлатҳои муосир таъсири манфӣ расонида, дар фазои идеологии ҷомеаҳо тавлидгари ҳолати ғайримутаносиб ва фазои номуайяни афкори буҳронӣ мебошад. Дар семинар паҳлуҳои гуногуни муқовимат бо падидаҳои болозир дар доираи стратегияи мазкур мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуда, дар ин самт ба масъулин аз ҷониби мутахассисон дастуру супориш ва тавсияҳои судманд дода шуд.