БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГӢ ДАР ШОҲРОҲИ САМТИ ДУШАНБЕ - БОХТАР
01.08.2024 17:59
Санаи 29 июли соли 2024 дар шоҳроҳи самти Душанбе - Бохтар бо ҷалби доираи васеи кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндагони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин масъулини дагар воҳидҳои зертобеъ шанбегии умумӣ ташкил ва баргузор карда шуд. Ёдовар мешавем, ки тадбирҳо ҷиҳати тозаву озода гардонидани минтақаи болозикр ба таври мунтазам ҷараён гирифта, масъалаи мазкур зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти ноҳия қарор дорад.