ЛИБОСИ МИЛЛӢ - МУАРРИФИКУНАНДАИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

26.07.2024 19:41

 
Либоси миллии тоҷикон таърихи қадима дошта, ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ аст, ки он аз завқи зебопарастии мардуми тоҷик дарак медиҳад. Либоси миллӣ яке аз василаҳои муассири муаррификунандаи арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Арзишҳои миллӣ, арзишҳои муҳиму ивазнашавандае мебошанд, ки новобаста ба манфиатҳои сиёсӣ, мавқеъ ва ақидаҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа бояд ҳифз карда шаванд. Ҳар як давлат, ҳар як миллат арзишҳое доранд, ки дар бархурди марҳилаҳои таърихӣ арзишмандтарин ва қимматтарини онро бояд ҳифз намояд. Либоси миллӣ ҳам яке аз ҳамин арзишҳое ба ҳисоб меравад, ки дар марҳилаҳои таърихӣ бонуи тоҷик, зани тоҷик ҳифзи либоси миллиро тавонист, ки нигаҳ дорад. Дар тан кардани либоси миллӣ, агар иффати зани тоҷик ва шарму ҳайёи ӯ бошад, дар миёни дигар кишварҳо муаррифгари симои зани тоҷик ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки санаи 26 июли соли 2024 бо мақсади арҷгузорӣ ба мероси нотакрори ниёгони пурифтихорамон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе иқдоми «Тоҷикона мепӯшем» доир гардид, ки иқдоми мазкур дар ноҳия бо маром идома дошта, корбарӣ дар ин самт дар сатҳӣ зарурӣ ба роҳ монда шудааст.