БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

24.07.2024 20:55

 
Санаи 24 июли соли ҷорӣ дар асоси дастури Роҳбар Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 2024, №26/10-227 дар хусуси ташкил ва баргузории нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхонаҳо, ташкилоту муассисисаҳо ва шаҳру навоҳии мамлакат оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2024, ки мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, №АП- 1677 тасдиқ шудааст, тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони ВАО- и мамлакат баргузор карда шуд. Ёдовар мешавем, ки дар он доираи васеи хабарнигорон аз муассисаҳои гуногуни иттилоотиву хабаргузорӣ, муовини якум, муовинони Раиси ноҳия ва масъулини ҳамаи воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раис ва мақомоти иҷроия иштирок намуданд. Раиси ноҳия, муҳтарам Умед Гуреззода, сараввал нишондиҳандаҳои омории фаъолияти соҳаҳоро дар ноҳия муфассал ба ҳозирин расонида, сипас ба саволу пешниҳодоти намояндагони ВАО ҷавоби мушаххас доданд. Дар охир, тибқи регламенти баргузории нишастҳои матбуотӣ бо қаноатмандии иштирокдорон Раиси ноҳияи Фирдавсӣ кори нишасти хабариро бо ҳузури хабарнигорон аз ВАО анҷомёфта эълон намуданд.