БУНЁДИ ГУЛГАШТИ ЗАМОНАВӢ ДАР ШОҲРОҲИ САМТИ ДУШАНБЕ - БОХТАР

24.07.2024 20:45

 
Дар асоси дастгириҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ташаббусҳои созандаи Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, муҳтарам Умед Гуреззода санаи 22 июли соли 2024 дар шоҳроҳи самти Душанбе - Бохтар бо мақсади истиқболи сазовор аз 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 1550 метри мураббаъ гулгашти наву замонавӣ бо тарҳи муосир ба истифода дода шуд. Дар расми ифтитоҳи он муовини Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Раҳимзода Толиб, Раиси ноҳияи Фирдавсӣ, муҳтарам Гуреззода Умед ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуда, ба корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур баҳои баланд доданд. Ёдовар мешавем, ки аз масоҳати умумии ишорашуда 125 м2 он майсазор карда шуда, дар масоҳати 85м2 гулҳои зебои мавсимии ороишӣ ва доимӣ шинонида шудаанд. Дар рафти корҳои кошинкорӣ ва ороишии гулгашт сангҳои мармари сиёҳу сафеди ватанӣ истифода гардида, номи Душанбе дар рӯйи сангҳои гулулашакл, ки ҳар яке дорои 2 тоннаву 200 киллограмм вазн мебошанд, ҳаккокӣ гардида, ба он ҳусни нотакрор зам намудаанд. Бояд гуфт, ки корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ноҳия аз пештара дида бештар ҷараён дошта, ташаббусу пешниҳодҳо ҷиҳати равнақи корҳо дар ин самт бо маром рӯйи кор оварда мешаванд.