КОРБАРӢ ҶИҲАТИ ДАРЁФТИ ЧЕҲРАҲОИ НАВИ ҲУНАРИИ ПОСДОРАНДАИ АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

18.07.2024 18:24

 
Халқи тоҷик дорои таърихи қадимии бою ғанӣ буда, ҳунарҳои гуногуни аҷдодонро пос медорад. Фаъолияти ҳунармандӣ- ин меҳнати шахсии корманд дар асоси малака, таҷриба, технологияҳои хос бо истифода аз асбоби қадимӣ ё муосир мебошад. Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди минбаъдаи он ба соҳибкасб гардидани аҳолӣ, баланд бардоштани шуғлнокии аҳолӣ, рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо, рушди соҳибкории хурду миёна ва дар умум баланд шудани некуаҳволии мардум мусоидат менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои рушди ҳунарҳои мардумӣ ва нақши он дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд.Зеро, тарғиби ҳунарҳои мардумӣ ва эҳёи он на танҳо мероси таърихии ниёгони мо, балки қисми муҳими фарҳанги маънавии замони муосир ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ҷиҳати тарғибу эҳё намудани ҳунарҳои мардумии минтақаҳои гуногуни мамлакат якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расидаанд, ки тибқи он чорабиниҳои сатҳи гуногун давра ба давра амалӣ мегарданд. Бо ин мақсад, санаи 18 июли соли ҷорӣ дар маҳаллаи Дустии ноҳия ҷиҳати вусъат бахшидани корҳо дар самти болозикр аз ҷониби шуъбаи кор бо занон ва оила, вобаста ба тарғиби ҳунарҳои мардумӣ ба касбомӯзии шаҳрвандон, занони хонанишин, омода намудани ҷавонондухтарон ба ҳаёти мустақил, дарёфти ҳунармандон ва ба ин васила ҷалби онҳо ба омӯзиши кутоҳмуддати дӯзандагӣ, попурзанӣ, гулдӯзӣ, ошпазию қаннодӣ доир гардид.