БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ ХХ - УМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ДАЪВАТИ VI
12.07.2024 20:32
Санаи 12 июли соли 2024 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Иҷлосияи ХХ - уми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати VI баргузор гардид. Дар кори иҷлосия муовини якум, муовинони Раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, масъулини нозиротҳои минтақавӣ ва хизматрасонии фонди манзили аз 1 то 10, эмомхатиби ноҳия ва намояндагони дигар воҳидҳои сохторӣ иштирок намуданд. Сараввал, тибқи тартиб Раиси ноҳияи Фирдавсӣ, муҳтарам Умед Гуреззода иҷлосияро кушода, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд. Дар идома вобаста ба соҳаҳои алоҳида муовинони Раиси ноҳия баромад намуда, оид ба нишондиҳандаҳои соҳавии худ дар назди раисикунанда ва вакилони мадумӣ ҳисоботи муфассал доданд. Масъалаҳои дар иҷлосия баррасишуда аз инҳо иборат мебошанд:
1. Рафти иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 12 сентябри соли 2023, №479 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2023 ва баҳори соли 2024»
2. Дар бораи таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2019, №270 «Дар бораи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ дар ин самт;
3. Дар бораи татбиқи амалии Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ дар ин соҳа;
4. Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2024 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм;
5. Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе.
Дар охир, Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, муҳтарам Гуреззода У. бо натиҷагирӣ аз ҳисоботи пешниҳоднамудаи баромадкунандагон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода, ҷаласаро пӯшида эълон намуд.