ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ «ПАЙВАНД»- И МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ- ИНТИХОБОТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
10.07.2024 19:29
Санаи 9-уми июли соли 2024 дар ташкилоти ибтидоии «Пайванд»- и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ баргузор гардид. Дар кори маҷлис мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Шамсов Сайдалӣ, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён иштирок намуданд. Сараввал, Раиси ташкилоти ибтидоии “Пайванд” Шукурзода Саодат Нусратулло ба меҳмонон ҷиҳати иштирок сипосгузорӣ намуда, ба кори ҷаласа ҳусни оғоз бахшид. Аз рӯйи масъалаи якуми маҷлис Раиси ташкилоти ибтидоии “Пайванд”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ оиди фаъолияти яксолаи ташкилот маълумот дода, таъкид кард, ки минбаъд низ дар ин самт корҳоро ҷоннок намуда, саффи аъзоëни хизбро аз ҳисоби кормандони ташкилот боз ҳам зиëд менамояд. Ҳамаи масъалахои дар маҷлис ҷойдошта, бо навбат баррасӣ гардида, доир ба ҳар як масъала қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Дар охир, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Шамсов Сайдалӣ, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён баромад намуда, фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Пайванд”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе -ро қаноатбахш арзëбӣ намуданд.