НАВИДИ ШОДӢ!
05.07.2024 13:05
Боиси фараҳмандӣ ва нишоти беандоза аст, ки имрӯз яке аз шахсиятҳои наҷибу кордон, оқилу доно, хушгуфтору закӣ, нексиришту накукор, хоксору нерӯманд ва муҳимтар аз ҳама дилсӯзу дасгири ҳамагон, яке аз пайравони асили Пешвои муаззами миллат, Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, муҳтарам Гуреззода Умед ҷашни зодрӯз доранд. Раиси муҳтарамро ба ин рӯзи фархундаашон, аз номи аҳли кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе самимона шодбош мегӯем. Ба муҳтарам Раис дар ин лаҳзаҳои мондагори ҳаёт пеш аз ҳама офияти бардавом, хонаободӣ, хушбахтӣ, бурдбориву, пирузиҳои нав ба нав ва дар амалишавии ҳатто камтарин орзуву амолашон саодатмандиро таманно намуда, дар роҳи боз ҳам ободу зебо гардонидани ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба он кас матонату неру, азму иродаи қавӣ ва заковату салиқаи беандозаро хоҳонем.
Забони ҳақ, шиори безабон бошӣ,
Нишони ворисони бенишон бошӣ.
Аламбардори рӯҳи сарбадорон.
Бақоҷӯи дуои модарон бошӣ
Зодрӯзатон муборак бошад, муҳтарам Раис !!!
Забони ҳақ, шиори безабон бошӣ,
Нишони ворисони бенишон бошӣ.
Аламбардори рӯҳи сарбадорон.
Бақоҷӯи дуои модарон бошӣ
Зодрӯзатон муборак бошад, муҳтарам Раис !!!