БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

27.06.2024 17:02

 
Санаи 26 июни соли 2024 дар Муассисаи давлатии “боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи Абдулқосим Фирдавсӣ”-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии тантанавӣ ташкил ва баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе, – муҳтарам Саидзода Фирдавс Ҳамро, Раиси ноҳияи Фирдавсӣ, муҳтарам Гуреззода Умед, муовинони Раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, меҳмонон ва намояндагони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия ширкат варзиданд. Дар оғози чорабинии тантанавӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Саидзода Фирдавс Ҳамро ва Раиси ноҳияи Фирдавсӣ муҳтарам Гуреззода Умед суханронӣ намуда, аз талошу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар барқарорсозии Ваҳдати миллӣ нақши калидӣ доранд, ёдовар шуданд. Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки таърих гувоҳ аст, ки 27 сол муқаддам, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар фарзонафарзандони меҳандӯст ва сулҳхоҳи тоҷик дар натиҷаи музокироти сулҳ ба кашмакашиҳо хотима гузошта, “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон”-ро ба имзо расониданд. Ин санади сарнавиштсоз бошад, Тоҷикистонро аз вартаи ҳалокат ва нобудӣ наҷот дода, ба миллати тоҷик рӯҳу илҳоми нав бахшида, дар сарҷамъ кардани миллат, иттиҳоду ягонагии мардум нақши бебаҳо гузошт. Баъд аз ироаи баромадҳои расмӣ барномаи консертии омоданамудаи бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдасӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса пешкаши тамошобинон карда шуд. Инчунин, дар чорабинии мазкур маҳсули дасти ҳунармандон ва дастовардҳои ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия ба намоиш гузошта шуданд, ки меҳмонон аз онҳо дидан намуданд.