ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, МУҲТАРАМ УМЕД ГУРЕЗЗОДА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

27.06.2024 17:00

 
Ҳамдиёрони азиз, бо камоли эҳтиром ба Шумо ва дар шахсияти Шумо, кулли сокинони пойтахти азизамонро ба муносибати 27-умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ, ки дар таърихи давлатдории навину мутамаддини тоҷикон яке аз рӯйдодҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад, самимона таҳният гуфта, бароятон комёбиҳои беназир ва саодати рӯзгорро таманно менамоям. Расидан ба Ваҳдати миллӣ ва ризоияту якдилӣ барои давлати навини Тоҷикистон дар баробари Истиқлолияти давлатӣ яке аз беҳтарин дастовардҳои бузург маҳсуб ёфта, ин ду арзиш яке бе дигаре вуҷуд дошта наметавонад ва якдигарро комил сохта, роҳи миллатро барои рушду тараққиёт ҳамвор месозанд. Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик ,ба осонӣ ба даст наомадааст. Расо бисту ҳафт сол муқаддам, яъне 27 июни соли 1997 баъди музокироти тўлонӣ ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии ороми сокинони мамлакат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ин санади муҳим аз ҷумлаи асноди сарнавиштсоз ба ҳисоб рафта, маҳз ҳамин санади таърихӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо талош ва ҷонбозиҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотима бахшида, барои оғози давраи нави рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳаёти орому осудаи мардуми он шароити мусоид фароҳам овард. Имрӯз, вусъат бахшидани заҳмати созандаву бунёдкорона ба хотири ободии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон вазифаи ҳар яки мо – соҳибони Ватан мебошад. Аз ин хотир, бигзор, Ваҳдати миллӣ ҳамчун сабақи таърихӣ ва армуғони беназири таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон барои наслҳои оянда ва дар арсаи байналмилалӣ ҷовидону пойбарҷо бимонад. Бо шукргузорӣ аз суботу оромӣ ва рушду шукуфоӣ, ки имрўз дар Ватани азизамон ҳукмфармост, бори дигар кулли сокинони шарафманди Душанбешаҳри гулрезро ба ифтихори 27-солагии Ваҳдати миллӣ самимона шодбош гуфта, таманнои онро дорам, ки зери парчами сулҳ ва тантанаи ягонагии миллӣ оромиву осудагӣ, саломативу сарбаландӣ, саодати доимии рўзгор ва кабутари навидовари сулҳ ҳамеша ҳамсафаратон бошад.
Ҷашн муборак !!!
Бо эҳтиром,
Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе - Умед Гуреззода