БОЗДИДИ МАСЪУЛИНИ ВОҲИДҲОИ СОХТОРИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ АЗ ҲОЛАТИ БУДУБОШИ САРБОЗОНИ ҚИСМҲОИ ҲАРБИИ ҲУДУДИ НОҲИЯ ДАР АРАФАИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

27.06.2024 15:57

 
Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 24 июни соли ҷорӣ бахшида ба солгарди навбатии Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва оила дар якҷоягӣ бо намояндагони шуъбаҳои маориф, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, дин танзими анъана ва ҷашну маросим, котиби мақомоти васояту парастории ноҳия ба дидорбинии сарбозони қисми ҳарбии №0123-и Қушунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтанд. Ҳамзамон, гуруҳи ба аёдат сафарбаршуда аз шароити хӯрду хӯрок, ҷойи хоб, ҳаммому толорҳои варзишӣ, утоқҳои маишӣ ва либоси сарбозон дидан намуда, бо шукургузорӣ аз сулҳу субот ва фазои осудаи Ватанмон сарбозонро ба он роҳнамоӣ намуданд, ки сарбаландонаву ифтихормандона хизмати ҳарбиро адо намуда, бо виқор ва танумандӣ ба назди волидайни худ бозгарданд.Ёдовар мешавем, ки иқдоми мазкур бори аввал сурат нагирифта, ин масъала зери таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе қарор дошта, ҳамасола рӯйи кор оварда мешавад.