БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР ШОҲРОҲИ САМТИ ДУШАНБЕ - БОХТАР

22.06.2024 19:19

 
Бо мақсади пешбурди тарзи ҳаёти солим, тозаву озода гардонидани муҳити атроф, инчунин саҳмгузорӣ дар сарсабзу хуррамгардонии пойтахти маҳбубамон - Душанбешаҳри дилоро санаи 22 июни соли 2024 дар шоҳроҳи самти Душанбе - Бохтар бо ҷалби кормандони мақомоти иҷроия, муассисаҳои соҳаи маориф ва тандурустӣ аксияи тозагии соҳил ташкил ва баргузор карда шуд. Ёдовар мешавем, ки тадбирҳои мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва Раиси шаҳри Душанбе бо ибтикори Раиси ноҳияи Фирдавсӣ, муҳтарам Умед Гуреззода дар тамоми гушаву канори ноҳия роҳандозӣ карда шуда, чунин иқдомҳо бо маром идома доранд.