ТЕРРЕНКУР - ПИЁДАГАРДИИ САЛОМАТӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ЗЕБОӢ, ТАВОНОӢ ВА ДОНОӢ АЗ ВАРЗИШ АСТ»
22.06.2024 18:02
Бо мақсади амалигардонии банди 3 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни мулоқоташон бо ҷавонони кишвар, ки 23 майи соли 2013 баён гардид буд, (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июни соли 2013, №264) бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷомеа ҳар рӯзи шанбе дар қаламрави ҷумҳурӣ "Рӯзи варзиш" эълон шуда, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Нақшаи баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ ва терренкур - пиёдагардии саломатӣ барои соли 2024 таҳти шиори "Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст" ба тасвиб расидааст, ки санаи 22-уми июни соли 2024 дар Муассисаи давлатии боғи фарҳангию фароғати ба номи "Абулқосим Фирдавсӣ", тибқи нақшаи болозикр бо иштироки 700 нафар кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва воҳидҳои сохтории зертобеъ терренкур - пиёдагардии саломатӣ таҳти шиори болозикр ташкил ва баргузор карда шуд.